Ссылки доступа

Дар Москва низоми гушанишинӣ аз 9 июн бекор мешавад (видео)


Шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, аз 9 июн дар пойтахти Русия низоми гушанишинӣ, гаштугузор бар асоси ҷадвал ва бо иҷозатномаи электронӣ бекор мешавад

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ба эҳтимоли зиёд, сокинон ба зиндагии пешин метавонанд як сол баъд баргарданд.

Сергей Собянин ба бекор кардани маҳдудиятҳое, ки дар робита ба коронавирус ҷорӣ шудаанд, бо дархости мансабдорони маъмурияти президент суръат бахшид. Дар ин бора "Расонаи боз" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст. "Мардум баъди гушанишинӣ ва пеш аз раъйдиҳӣ бояд нафас бикашад", - гуфтааст ҳамсуҳбати расона.

Дар пойтахти Русия карантин ё ба истилоҳ, "низоми гушанишинӣ" охирҳои моҳи март ҷорӣ шуда буд. Аз хона танҳо дар сурати зарурӣ бо иҷозатномаи электронӣ берун баромадан мумкин буд. Сокинони Москва аз 12 май ба пӯшидани ниқоби тиббию дастпӯш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вазифадор шуданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Москва дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна камтар аз 2 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор мешавад ва ин рақам дар авҷи беморӣ 4-5 ҳазор буд.

XS
SM
MD
LG