Ссылки доступа

Беҳбудии вазъи муштзани тирхӯрдаи ӯзбек дар марзи Қирғизистон


Вазъи муштзани 19-сола аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Саидҷон Тиллааминов, ки дар низои ахир дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон аз тир захмӣ шуда буд, беҳбуд ёфтааст.

Тиллааминов мегӯяд ба ҷавобгарӣ кашидани шахсеро, ки ба самташ оташ кушодааст, талаб нахоҳад кард. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин кор низоъ дар миёни сокинони наздимарзии ду кишварро тақвият мебахшад.

​31 май миёни сокинони деҳаи Чашмаи ҷазирақаламрави Сӯхи Ӯзбекистон ва деҳаи наздимарзии Қирғизистон задухӯрд сурат гирифта, ба иттилои расмӣ, 187 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 25 шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуданд. Дар ин низоъ аз силоҳ низ истифода шуд.

Ба гуфтаи табибони Сӯх, он рӯз 13 нафар бо захмӣ тир ба бемористон интиқол ёфта буданд. Тиллааминов мегӯяд, ҳамаи ин 13 нафарро, ки ҳамроҳаш дар бемористон бистарианд, мешиносад.

Вале сухангӯи пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон Дамира Юсупова гуфт, дар низои ахир дар марз бо Ӯзбекистон аз ҷониби ин кишвар силоҳ истифода нашудааст.

Саиҷон Тиллааминов, муштзани ҷавон аз ноҳияи Сӯх аст, ки дар гузашта дар мусобиқаҳои зиёд миёни ҷавонони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок кардааст. Соли 2019 дар яке аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷои дувумро касб карда буд.

XS
SM
MD
LG