Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон гуфт, 6 июн танҳо "53 кас ба шуъбаи пулис бурда шуд"


Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар додааст, ки 6 июн 53 иштирокчии эҳтимолии тазоҳурот ба шуъбаи пулис интиқол ёфта буданд. Ҳашт нафари онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз ҷумла 7 кас ҷарима гаштаанд.

Зидди ду нафари дигар бо айби "таҳқир" ва "истифодаи хушунат алайҳи намояндаи давлат" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, боқиро баъди як суҳбати фаҳмондадиҳӣ аз шуъбаи пулис ҷавоб додаанд, навиштааст сомонаи Polisia.kz шаби 8 июн.

Ин дар ҳолест, ки нозирон мегӯянд, шумори боздоштшудаҳо чанд баробар бештар аз оне аст, ки пулиси Қазоқистон гуфтааст. Ба гуфтаи онҳо, 6 июн 276 кас боздошт шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Нурсултон се фаъоли маданиро ба муҳлати 10 ва 15-рӯзӣ ҳабс кардаанд.

Баъди ба иҷро даромадани қонуни нави ҷамъомадҳои осоишта дар Қазоқистон дар аввали моҳи июн низ боздошту таъқиби фаъолони маданӣ дар ин кишвар идома ёфт. Даҳҳо фаъоли маданиро 6 июн дар шаҳрҳои Алмато, Семей, Оқтеппа, Қизилорда, Урал ва Чимкент боздошт карданд.

Эътирозгарон бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ, нафурӯхтани замин ба хориҷиҳо ва эъломи афви қарзӣ ба кӯчаҳо баромада буданд.

XS
SM
MD
LG