Ссылки доступа

Пхенян гуфт, ҳамаи иртибот бо Сеулро қатъ кард


Куриёи Шимолӣ аз имрӯз фаъолияти "телефони боварӣ" бо Куриёи Ҷанубиро қатъ хоҳад кард, ки нахустин гоми ба ҳамзании ҳамаи робитаҳо бо Сеул шумурда мешавад. Дар ин бора хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ иттилоъ додааст.

"Мо дигар чизе барои баррасӣ кардан бо мақомоти Куриёи Ҷанубӣ надорем. Раҳбарияти кишвар дастур дод, ки ҳамаи тамосҳо миёни Шимол ва Ҷануб қатъ карда шавад, то хоинон ва фиребгарон барои ҷиноятҳои худ посух диҳанд", - навиштааст хабаргузорӣ.

Ба ин кор амали фаъолони мадании Куриёи Ҷанубӣ сабаб шуд, ки ба Куриёи Шимолӣ варақаҳои таблиғотӣ фиристоданд. Пхенян ҳафтаи гузашта таҳдид кард, ки агар таблиғот қатъ нашавад, ҳамаи тамосҳо бо Сеулро қатъ мекунад. Баъди ин мақомоти Куриёи Ҷанубӣ аз фаъолон хостанд, ирсоли варақаҳои таблиғотиро ба Куриёи Шимолӣ қатъ кунанд.

Мақомоти Сеул шаби душанбе ба сешанбе хабар доданд, ки Пхенян ба зангҳои онҳо ҷавоб намедиҳад. Тамос бо хатти иловагӣ низ, ки ба хотири пешгирӣ аз задухӯрдҳои мусаллаҳона миёни ду кишвар ташкил шуда буд, имконнопазир шудааст.

XS
SM
MD
LG