Ссылки доступа

Дар ИМА маросими видоъ бо Ҷорҷ Флойд баргузор шуд


Маросими видоъ бо Ҷорҷ Флойд, амрикоиии африқоиасле, ки аз хушунати пулис ба ҳалокат расид ва марги ӯ даъватҳои густардаи ислоҳоти низоми адлияи ИМА-ро барангехт, рӯзи 9 июн дар Ҳюстони Техас баргузор шуд.

Дар маросим танҳо наздикону пайвандони Флойд ҳузур доштанд. Ӯро дар шаҳри Пирленд дар канори модараш ба хок хоҳанд супурд. Телевизионҳои BBC, CNN, Euronews, SkyNews ва дигарон маросими видоъро мустақиман намоиш медиҳанд.

Дерек Човин, корманди ҳамакнун пешини пулис, ки дар марги Флойд гумонбар аст, 8 июн бори нахуст ба додгоҳи Миннеаполис эҳзор шуд. Қарор аст, дафъаи навбатӣ 29 июн ба додгоҳ ҳозир шавад.

Аз 12 узви Шӯрои шаҳрии Миннеаполис, ки Флойд 25 май дар натиҷаи зиёдаравии маъмури пулис ҷон бохт, хостанд, идораи пулиси шаҳрӣ барҳам дода шавад. Зеро ба гуфтаи онҳо, он қобили ислоҳ нест.

XS
SM
MD
LG