Ссылки доступа

Занҳои ӯзбекистонии дар Қирғизистон дармонда назди шавҳаронашон бармегарданд


Зодагони Қирғизистон, ки бо шаҳрвандони Ӯзбекистон ба шавҳар баромада ва ҳанӯз пеш аз эъломи карантин ба Қирғизистон омадаву дар ин кишвар дармонда буданд, иҷозаи баргаштан ба Ӯзбекистонро пайдо карданд.

Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, рӯйхати занҳое тартиб дода шудааст, ки барои дидорбинии пайвандонашон моҳи март ба Қирғизистон омада ва дар ин кишвар дармонданд. Дар асоси рӯйхати мазкур, занҳо ҳамарӯза бо навбат аз марз убур мекунанд.

Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ба созиш расиданд, ки ин занҳоро баъди убури марз ба карантини 14-рӯза бигиранд. Рӯйхати занҳоеро, ки мехоҳанд назди шавҳарон ва фарзандони худ баргарданд, сафорати Ӯзбекистон дар Қирғизистон тартиб медиҳад.

Нахустин гуруҳи иборат аз 50 зане, ки барои дидорбинии пайвандони худ ба Қирғизистон омада ва дармонда буданд, ҳанӯз 23 май ба Ӯзбекистон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG