Ссылки доступа

Паёми президенти Қирғизистон бахшида ба ҳаводиси моҳи июн


Президенти Қирғизистон Сооронбек Ҷеенбеков бахшида ба 10-умин солгарди ҳаводиси моҳи июн, ки соли 2010 дар ин кишвар рух дода буд, паём ироа кард.

Ҷеенбеков дар паёми худ гуфт, ҳаводиси моҳи июни соли 2010 мушкилтарин санҷиш барои давлати Қирғизистон буд.

"Мо он рӯзҳо бисёре аз ҳамватанони худро аз даст додем ва қалбамон пур аз ғаму андуҳ буд. Имрӯз рӯзи гиромӣ доштани хотираи онҳоест, ки дар ҳаводиси мазкур ҷони худро аз даст доданд. Ба волидон, фарзандон ва наздикони қурбониён ҳамдардии амиқ баён мекунем. Мо аз гузашта дарси ибрат гирифта, ваҳдати мардумро тақвият ва кишварро бо ҳам рушд хоҳем дод", - изҳор дошт Ҷеенбеков

Дар ҷануби Қирғизистон 10 июни соли 2010 миёни қирғизҳо ва ӯзбектаборон низои қавмӣ бархост. Дар натиҷаи он беш аз 470 кас ҷон бохта, беш аз 2 ҳазор одам захмӣ шуданд. Ҳазорҳо сокини дигар ба Ӯзбекистон паноҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG