Ссылки доступа

Тобути Ҳоҷимуродро аз Русия меоранд. Донишҷӯи тоҷик кӯдакро наҷот доду худ ғарқ шуд


Мақомоти Ҷумҳурии Бошқирдистон ба мардуми тоҷик ва хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, ки ҳангоми наҷоти кӯдаки дар об ғарқшуда ҷони худро аз даст дод, изҳори таслият карданд.

Муовини нахуствазири Бошқирдистон Фанур Ягафаров рӯзи 9-уми июн навишт:

"Мо, пеш аз ҳама, ба наздикону азизони Ҳоҷимурод Қаландаров изҳори ҳамдардӣ мекунем. Бояд тамоми саҳнаи фоҷиаро таҳқиқ бикунем ва мақомоти тафтишот бо ин кор машғуланд. Вале аз ҳоло мешавад гуфт, инсонеро аз даст додем, ки раҳмдил асту нисбат ба тақдири дигарон бефарқ нест".

Ҳодиса 7-уми июн дар дарёи "Белая" дар шаҳри Уфа рух дод. Ҳоҷимурод Қаландаров ва яке аз дӯстонаш барои истироҳат ба лаби дарё рафта, шоҳиди ба об афтодани ду кӯдак шуданд. Ҳарду худро ба об андохта, кӯдаконро то соҳил оварданд, вале Ҳоҷимурод аз об берун баромада натавонист. Маҷрои об ҷавони тоҷикро бо худ бурд. Ҷасади донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаровро баъди чанд соат пайдо карданд.

Фанур Ягафаров гуфт, ҳукумати Бошқирдистон дар ҳамкорӣ бо консулгарии генералии Тоҷикистон ва маркази фарҳангии тоҷикон дар Уфа роҳҳои ба Тоҷикистон фиристодани ҷасадро андеша дорад.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов гуфт, "ин як қаҳрамонӣ аз ҷониби ҷавони тоҷик буд, ки як кӯдаки бошқирд - як кӯдаки русро наҷот дод".

"Ҳоло муайян нест, ки кай парвозҳо шурӯъ мешавад, чӣ парвозҳои махсус ва чӣ маъмулӣ. Мо ба хулосае омадем, ки интизори парвозҳо намешавем ва бо роҳи заминӣ, бо микроавтобуси махсусе, ки яхдон дорад, мефиристем. Ҳоло ВКХ-и Тоҷикистон талош дорад, аз Қазоқистон ва Узбекистон иҷозати гузаштан аз қаламрави онҳоро бигирад. Умедворам, имрӯз ё фардо иҷозатро мегирем. Консули генералии Тоҷикистон дар Уфа машғули ин кор аст", - гуфт сафири Тоҷикистон дар Русия.

Бо сабаби пандемияи коронавирус аз миёнаҳои март дар Русияву Қазоқистону Узбекистон марзҳо баста ва парвозҳои маъмулӣ қатъ шудаанд.

Хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон, дар шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ мотам доранд.

Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод Қаландаров, рӯзи 9-уми июн гуфт, мақомоти баландпояи Бошқирдистон ва донишгоҳе, ки писараш таҳсил мекард, бо ӯ сӯҳбат карданд. "Раҳмат гуфтанд ва писарамро таъриф карданд. Гуфтанд, ки чӣ кумак кунем. Гуфтам, ҳеч кумак лозим нест, фақат ҷасади писарамро биоред, тамом", - гуфт ӯ.

Ҳоҷимурод се соат пеш аз марг бо падараш видеоӣ суҳбат доштааст. Дар охирин сӯҳбат гуфта будааст, ки агар роҳҳо боз шавад, барои таътили тобистона ба ватан бармегардад.

Саидакбар Қаландаров мегӯяд, писараш соли 2019 барои дохил шудан ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва Бошқирдистон ҳуҷҷат супорида буд. Аз имтиҳони ҳарду донишгоҳ гузашт, вале барои таҳсил Бошқирдистонро интихоб кард. "Дарди аз даст додани писар хеле сахт аст. Ҳоло фақат хабарҳоеро, ки ӯро барои наҷот додани кӯдакон таъриф мекунанд, мехонам ва камтар таскин меёбам", - афзуд ӯ.

Ҷаҳонгир Абдулхайров, муҳоҷири 19-солаи тоҷик он рӯз ҳамроҳ бо Ҳоҷимурод ба соҳили рӯди “Белая” рафта, якҷо ду кӯдаки ғарқшударо наҷот доданд.

Ҷаҳонгир дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар соҳили рӯд истироҳат доштанд, ки садои “Наҷот диҳед!”-и ду кӯдаки тақрибан 10-12 соларо шуниданд. Дар соҳил тақрибан 250 нафар ҳузур доштааст, вале ба гуфтаи Ҷаҳонгир, "касе ҷуръати дохили об шудан надошт".

"Бо Ҳоҷимурод дохили об шудем. Кӯдаконро аз байни об, ки чуқуриаш аз 10 метр зиёд аст, ба соҳил овардем. Ӯ кӯдакро то се метр мондан ба соҳил бардошта овард. Аз ин ҷо дигар кӯдак бо қувваи худаш берун шуд. Ман бори охир ӯро дар ҳамин се метр мондан ба соҳил дидам", - нақл кард Ҷаҳонгир.

Самиҷон Ризвонов, аз наздикони Ҳоҷимурод, ки фавран ба ҷойи ҳодиса омдааст, мегӯяд, чун касе шоҳиди ғарқ шудани ӯ набуд, онҳо бештар гирду атроф ва шуъбаи пулисро ҷустуҷӯ карданд. Ӯ гуфт, то охир умед доштанд, ки ғарқ нашудааст. Баъдан, ғаввосон ӯро аз ҳамон ҷое, ки Ҷаҳонгир бори охир дида буд, каме поёнтар аз чуқурии 10 метр пайдо кардаанд.

Ҳар сол ба Русия аз Тоҷикистон на камтар аз чор ҳазор донишҷӯ барои таҳсил мераванд ва Ҳоҷимурод Қаландаров ҳам яке аз онҳо буд, ки дар як корнамоӣ ҷонашро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG