Ссылки доступа

Чаро кормандони "Талко Кемикал" маош нагирифтанд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Бо гузашти 10 сол дар Ӯш чи тағйир ёфт. Дар ҷануби Қирғизистон 10 сол пеш низои қавмӣ рух дод. Ҳодисаҳо асосан дар Ӯш ва атрофи он рух додааст. Тайи ин 10 сол чӣ тағйир ёфт? (видео)

- Осиё: як соли Тоқаев дар қудрат. Як сол дар сари қудрат: Тоқаев чиро ваъда доду чиро иҷро кард. Сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов 18 сол зиндонӣ шуд. Аз низои қавмӣ дар Ӯш 10 сол гузашт. Ҳомии ҳифзи муҳити зистро дар Қазоқистон се сол зиндонӣ карданианд. 100 ҳазор ӯзбекистонӣ ба ватан баргаштанианд. (видео аз Директ)

- Ҳафтаи оянда бозорҳои молу колои Душанбе боз мешаванд (видео)

- Бозорчаи мавсимӣ дар роҳ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (видео)

- Чаро кормандони "Талко Кемикал" маош нагирифтанд? Гурӯҳе аз кормандони корхонаи "Талко Кемикал" (Талко - Кимиё) дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон шикоят доранд, ки панҷ моҳ инҷониб маош нагирифтаанд ва дар шароити бади иқтисодӣ қарор доранд (видео)

- Фаромадани ярч дар маҳалли сохтмони "Роғун" боис ба марги ду кас шуд. Ду коргари нирӯгоҳи барқи обии Роғун ҳафтае пеш дар натиҷаи фаромадани ярч тақрибан 60 метр ба поён сарозер шуда, ба ҳалокат расидаанд. Масъулони ҷамъияти саҳомии нирӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар ин бора расман иттилоъ намедиҳанд (видео)

- Наздикони гумонбарони узвияти "Ихвон-ул-муслимин" посух меҷӯянд. Сирояти COVID-19 ба Тоҷикистон баррасии даҳҳо парвандаи гумонбарони узвият дар созмони мамнуи "Ихвон-ул-муслимин"-ро ба вақти дигар гузошт. Мақомот мегӯянд, ҳоло 70 парванда дар дасти додгоҳ аст (видео)

- Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода бо иттиҳоми фасодкорӣ дастгир шуд (видео)

Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон: марзҳо бастааст, аз сафар худдорӣ кунед. Бо вуҷуди баста будани марзҳои Қазоқистону Узбекистон бо сабаби пандемияи коронавирус ва огаҳиҳои батакрор, даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо умеди бозгашт ба ватан дар гузаргоҳи Жибек Жоли ҷамъ шудаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн шумораи онҳоро "беш аз 30 нафар" гуфт. (видео)

- ​Чаро Лукашенко аз ошӯби Андиҷону омадани Э.Раҳмон ба Душанбе гуфт? Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, рӯзи 4-уми июн дар ҷаласаи бахшида ба таъйини ҳукумати нав дар кишвараш гуфт, Беларус ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки шоҳиди хунрезӣ нашуд. Вай барои тақвияти суханҳояш даргириҳои Украинаву ошӯби Андиҷон ва ҷанги солҳои 90-и Тоҷикистонро намуна овард. (видео)

- Вазъи овозхонҳои тоҷик дар аҳди коронавирус. Овозхонҳои тоҷик, ки ҳар сол ин шабу рӯз дар мавсими тӯю маросим хеле серкор буданд ва даромад ба даст меоварданд, ҳоло бештари вақти худро бо хонавода ва пайи эҷоду таҳияи таронаҳои нав мегузаронанд. (видео)

- Вокуниши беларусиҳо ба суханони Лукашенко дар бораи фоҷеаи Андиҷон. Мардум дар кӯчаҳои Минск ба суханони Лукашенко, ки пеш аз интихобот аз қатли тазоҳургарон дар Андиҷони Ӯзбекистон ёдовар шуд, вокуниш нишон медиҳанд. (видео)

- "Бигузор, мӯйсафед биравад!". Боздошти садҳо нафар дар рӯзи тазоҳурот дар Алмато. (видео)

- Ҳангоми бозтоби эътирозҳои ИМА даҳҳо рӯзноманигор осеб дидаанд. Онҳо омада буданд, то эътирозҳо зидди хушунат аз сӯи маъмурони пулисро бозтоб диҳанд, вале худ қурбони он шуданд. (видео)

- Кӣ ба Тоҷикистон чӣ кумак кард? Чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои алоҳида ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 миллионҳо доллар кумак карданд. Ёрии бархе аз давлатҳо аз тестҳои санҷиши беморӣ, хӯрокворӣ, дору ва либосҳои муҳофизатӣ иборат буд (видео)

- Расонаҳои байналхалқӣ дар бораи сохтани воксини зидди коронавирус. Бештар аз 35 озмоишгоҳ дар саросари дунё ба сохтани воксини зидди коронавирус машғул ҳастанд (видео аз Директ)

- Навбатпойӣ дар марз: мошинҳои боркаш наметавонанд, аз Қирғизистон вориди Қазоқистон шаванд (видео)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG