Ссылки доступа

Кормандони ширкати ӯзбекистониву куриёӣ дар шаҳри Андиҷон наздики ду моҳ аст, коргоҳро тарк накардаанд


Коргарони ширкати муштараки Ӯзбекистону Куриё "UZ DONG YANG CO" дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон аз миёнаҳои моҳи апрел ба ин тараф бинои коргоҳро тарк накардаанд.

Ин коргоҳ қисмҳои эҳтиётии мошинҳои навъи Chevrolet истеҳсол мекунад.

"Мо рӯи бетони анбор хоб мекунем. Дар коргоҳ ҳеч шароите барои шабгузаронӣ мавҷуд нест. Роҳбарият ба мо мегӯяд, ки "мехоҳед кор кунед, намехоҳед аризаи аз кор рафтанро нависед". Бисёре аз коргарон намехоҳанд, ҷои корашонро аз даст диҳанд, ба ҳамин хотир ба ин шароит тоб меоранд", - гуфт як коргари ширкати мазкур.

Коргарони дигар аз афзоиши соатҳои корӣ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо, корфармо дар рӯз то 10-12 соат кор мефармояд.

Аммо як намояндаи ширкати муштарак гуфт, коргарон аз тарси паҳншавии вируси корона, бо хоҳиши худ дар бинои корхона боқӣ мондаанд.

Ширкати муштараки Ӯзбекистону Куриё соли 1996 таъсис шудааст. Дар ин коргоҳ бештар аз 1000 кас фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG