Ссылки доступа

Роҳбарони Фарғонаву Бодканд низои ҷазирақаламрави Сӯхро баррасӣ карданд


Дар шаҳри Бодканди Қирғизистон рӯзи 9 июн раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев бо Алишер Абдраҳмонов, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқот ва муносиботи дуҷонибаро баррасӣ кард.

Дар ин мулоқот роҳбарони неруҳои марзбонии ду кишвар, хадамоти амният, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, инчунин додситонҳои минтақавӣ ва дигар афроди расмии ду кишвар ширкат карданд.

"Аъзои ҳайати Қирғизистон гуфтанд, ки барои равуои озодонаи сокинон аз Ӯзбекистон ба ҷазирақаламрави Сӯх ҳеч монеа ва маҳудидяте ҷорӣ намешавад. Ба ҳаракати нақлиёти борбар низ монеа эҷод намегардад", - омадааст дар хабари мақомоти вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон.

Дар ин мулоқот ҳамзамон истифодаи обҳои фаромарзӣ ва чарогоҳҳо баррасӣ шуд.

Ёдовар мешавем, дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бо қазирақаламрави Сӯхи Ӯзбекистон ҳаммарз аст, рӯзи 31 май байни сокинони маҳаллӣ барои истифодаи оби чашмаи маъруф ба Чашма низоъ бархост.

Ба иттилои расмӣ, дар ин низоъ 187 сокини Ӯзбекистон ва 25 сокини Қирғизистон маҷруҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG