Ссылки доступа

Барои надоштани ниқоб ҷарима таъин шуд, барои паҳн кардани беморӣ – зиндон


Вакилони порлумони Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ, нашри ахбори ғалат дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин карданд.

Онҳо гуфтанд, барои пинҳон доштани маълумоти воқеӣ дар бораи бемории ҳамагир муҷозот пешбинӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистонро барои саривақт эътироф накардани мавҷудияти вируси нав ва пинҳон доштани омори воқеии гирифторону ҷонбохтагон танқид мекунанд.

Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн қабул шуд. Бино ба иловаҳои нав, шахсоне, ки боис ба паҳншавии бемориҳои хавфноки сироятӣ мегарданд, аз 2 то 5 сол (дар сурати такрор аз 5 то 10 сол) ба ҳабс маҳкум хоҳанд шуд.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар порлумон гуфт, чунин муқаррарот барои поймол кардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи пандемияи коронавируси нав низ дахл дорад.

Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон гуфт, ҳадаф ҷазо додани сокинон нест. "Ҳадаф пешгирӣ аз бемориҳои сироятиест, ки имрӯз дар ҷумҳурии мо низ вуҷуд дорад", - афзуд ӯ.

То ин дам дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои поймол кардани қоидаҳои беҳдоштӣ, ки "сабаби бемории оммавӣ ё заҳролудшавии сокинон мешавад", то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду сол корҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд. Вакилони Маҷлиси Намояндагон барои пахши ахбори ғалат дар бораи бемории ҳамагир дар расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ аз 580 то 1160 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва аз 87 ҳазор то 116 ҳазор сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ, барои надоштани ниқоби тиббӣ аз ду то панҷ нишондиҳанда, яъне аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ ҷарима таъин карданд.

Бархе аз сокинон таъини ҷаримаро барои надоштани ниқоби тиббӣ хуш пазируфттанд, чун ба бовари онҳо як василаи пешгирӣ аз густариши беморист. Иддае дигар гуфтанд, ки шароити риояи онро надоранд.

Ба иттилои расмӣ то нӯҳуми июн 4690 нафар дар Тоҷикистон ба ин беморӣ гирифтор шуда, 48 нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG