Ссылки доступа

Комисияи Аврупо Русияву Чинро дар ташкили дурӯғпарокании коронавирус гумонбар мекунад


c

Комисияи Аврупо Русияву Чинро дар ташкили маъракаи дурӯғпароканӣ оид ба вируси корона дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гумонбар мекунад. Дар ин бора дар изҳороти Комисияи Аврупо зикр шудааст, ки 10 июн ба нашр расид.

Дар изҳорот омадааст, субъектҳо ва кишварҳои хориҷӣ, ба вижа Русия ва Чин дар маъракаи ҳадафмандонаи таъсиррасонӣ ва дурӯғпароканӣ дар Аврупо, кишварҳои ҳамсоя ва саросари дунё ширкат мекунанд.

"Бисёр хатарнок мебуд, агар мо ба ин ҳолат вокуниш нишон намедодем. Вабо ин воқеитро нишон дод, ки иттилои дурӯғ метавонад, харобии зиёд орад, ҳатто боиси марги одамон шавад, тадбирҳои андешидаи давлатро барои мубориза бо беморӣ ба ҳам занад", - гуфт Вера Юрова, муовини роҳбари Комисияи Аврупо. Вай афзуд, таблиғоте, ки аз сӯи кишварҳои махсус сармоягузорӣ мешавад, миёни одамон тарсу нобоварӣ мепароканад.

Дар изҳороти Комисия омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо кумак ва ҳимоят аз созмонҳои шаҳрвандӣ, расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақилро дар кишварҳои ҷаҳони севум бештар ва ҳамзамон поймолшавии озодии баёнро сабт мекунад. Ба ҷуз ин, Иттиҳоди Аврупо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарии онлайнӣ таваҷҷуҳи изофӣ талаб ва аз онҳо тақозо мекунад, ки рақаму далелҳоро тафтиш кунанд.

Иттиҳоди Аврупо бори аввал нест, ки Русияву Чинро дар ташкили маъракаи дурӯғпароканӣ айбдор мекунад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия охири моҳи апрели соли ҷорӣ ин айбҳоро беасос унвон кард. Пекин ҳам ин навъи айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG