Ссылки доступа

Фавти 11 маҳбус. Мақомот марги онҳоро аз пневмония гуфтанд, наздикон аз COVID-19


Аз оғози моҳи май ва баъд аз онки мақомот мавҷудияти коронавирусро дар кишвар тасдиқ карданд, 11 маҳбус бо нишонаҳои монанд ба ин беморӣ фавтидаанд.

Аммо масъулини Идораи зиндонҳо мегӯянд, марги ин маҳбусон на аз COVID-19, балки аз илтиҳоби шуш ё пневмония буд. Расонаӣ шудани хабари бемории маҳбусон дар пасманзари пандемия нигаронии наздикони зиндониён ва ҳомиёни ҳуқуқро ба миён овардааст.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гуфт, шумори маҳбусоне, ки бо ҳарорати баланд бистарӣ шудаанд, дар рӯзҳои ахир коҳиш ёфта, ҳоло танҳо 7 маҳбус аз таби баланд шикоят доранд.

Ҳарорати баланд яке аз нишонаҳои аслии сирояти коронавирус аст, вале масъулини Идораи зиндонҳо мубтало шудани маҳбусон ба бемории ҳамагирро рад мекунанд. Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гуфт, 11 маҳбусе, ки аз моҳи май бо ин нишонаҳо фавтиданд, гирифторӣ пневмония буданд. "Пизишкони мо ташхис карданд, ҳамаашон илтиҳоби шуш ё пневмония баромаданд", - афзуд Умаров.

Аммо бархе наздикони маҳбусон ба ин гуфтаҳои мақомот дар бораи набудани коронавирус дар зиндонҳо аз оғоз шубҳа доштанд. Аз ҷумла, афроди наздик ба Абдулфайз Раҷабов, маҳбуси 47-сола қаблан гуфтанд, ки ӯ аз бемории COVID-19 дар зиндон вафот кардааст. Раҷабов рӯзи 9-уми май дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе фавтид.

Мақомот сабаби марги ӯро ҳам илтиҳоби шуш ё пневмония гуфта буданд. Инчунин наздикони Раҳматуллои Раҷаб низ бовар доранд, ки ӯ низ ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, сиҳат шудааст. Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам дар зиндони рақами 1 адои ҷазо мекунад.

Шӯҳрати Раҳматуллоҳ, писари Раҳматуллоҳи Раҷаб гуфт, ташхиси рентгени падарашро ба як табиби хориҷӣ нишон дод ва ин пизишк гуфтааст, "90 дарсад падари шумо гирифтори КОВИД-19 аст".

Шӯҳрати Раҳматуллоҳ мегӯяд, аз падари ӯ ва дигар маҳбусон тест нагирифтаанд ва доруҳои заруриро ҳам худашон ба зиндон дастрас мекарданд.

"Доруву даво дода намешуд, танҳо як ниқоб доданд, ки то охири карантин онро истифода кард. Ҳол онки бар асоси қоидаҳои тандурустӣ бояд ниқоб танҳо 3-4 соат истифода шавад, вале падарам онро шушта, боз истифода мебурд. Як ҳароратсанҷ будааст, ки ҳарорати ҳамаи беморонро бо ҳамон месанҷидаанд", - афзуд писари Раҳматулло Раҷаб.

Аммо Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳо чунин шикоятҳоро рад мекунад. Ба таъкиди Умаров, маҳбусон шояд аз наздиконашон доруҳоеро дархост кардаанд, ки табобати беҳтар мекунад.

"Аслан масъалаи ҷойи хоб, дору нест, рентген ва дастгоҳи нафасдиҳӣ дар ҳамаи зиндонҳо ҳаст ва дар ин самт мушкилот надорем. Зиндонҳои Тоҷикистон бо доруҳои зарурӣ ва дастгоҳҳои нафасдиҳӣ таъмин мебошанд", - гуфт Мансурҷон Умаров.

Иттилоъ дар бораи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар шароити коронавирус асосан аз суҳбатҳои мақомот ва тамосҳои маҳбусон бо наздиконаш мерасад. Наздикони зиндониён гуфтанд, баъд аз хуруҷи коронавирус дар кишвар хешовандонашон ҳамарӯза телефонӣ аз зиндон бо онҳо суҳбат мекунанд.

Дар остонаи сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостанд, то намояндагони СҶТ аз вазъи зиндонҳо дида кунанд. Аммо намояндагони ин созмон зоҳиран ба зиндонҳо роҳ наёфтанд ва масъулини СҶТ ҳам нагуфтанд, ки сабаби ин кор чӣ буд. Маҳз роҳ наёфтани ҳомиёни ҳуқуқ ба зиндонҳо хабарҳо дар бораи вазъи воқеии зиндонҳоро зиёд кардааст.

Моҳи май пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон "сабук" ва аз 50-сола боло шуданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон аз охири моҳи март манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG