Ссылки доступа

Имсол иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Бо гузашти 10 сол дар Ӯш чи тағйир ёфт. Дар ҷануби Қирғизистон 10 сол пеш низои қавмӣ рух дод. Ҳодисаҳо асосан дар Ӯш ва атрофи он рух додааст. Тайи ин 10 сол чӣ тағйир ёфт? (видео)

- Барои надоштани ниқоб ҷарима таъин шуд, барои паҳн кардани беморӣ – аз 2 то 5 соли зиндон. Вакилони порлумони Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри ахбори ғалат дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин карданд. Онҳо гуфтанд, аммо барои пинҳон доштани маълумоти воқеӣ дар бораи бемории ҳамагир муҷозот пешбинӣ нашудааст (видео)

- Фаъолон ба бемористонҳои Кӯлоб 200 ҳазор сомонӣ кумак карданд. Фаъолони гуруҳи "Кӯлоби ман" дар Фейсбук ба пизишкону бемористонҳои минтақа ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин маблағ васоили тиббиву муҳофизатӣ хариданд (видео)

- Имсол иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст? Бино ба арзёбии нави Бонки Ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 рушд намекунад, балки баръакс коҳиш ёфта, дар сатҳи ду дарсади зери сифр қарор мегирад. Бар асоси пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, иқтисоди Тоҷикистон имсол рушди 5-дарсадӣ хоҳад дошт (видео)

- Афғонистон дархости паноҳҷӯи тоҷикро рад кард. Амирҳамза Ҳалимови 52-сола, зодаи рустои Ҷарқӯрғони ноҳияи Қубодиён, 8 сол пеш дархости шаҳрвандии Афғонистонро кардааст ва баъди ба қавли худаш, сарсониву саргардонии зиёд чанде пеш посухи рад гирифт (видео)

- Осиё: як соли Тоқаев дар қудрат. Як сол дар сари қудрат: Тоқаев чиро ваъда доду чиро иҷро кард. Сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов 18 сол зиндонӣ шуд. Аз низои қавмӣ дар Ӯш 10 сол гузашт. Ҳомии ҳифзи муҳити зистро дар Қазоқистон се сол зиндонӣ карданианд. 100 ҳазор ӯзбекистонӣ ба ватан баргаштанианд. (видео аз Директ)

- Ҳафтаи оянда бозорҳои молу колои Душанбе боз мешаванд (видео)

- Бозорчаи мавсимӣ дар роҳ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (видео)

- Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода бо иттиҳоми фасодкорӣ дастгир шуд (видео)

- "Бигузор, мӯйсафед биравад!". Боздошти садҳо нафар дар рӯзи тазоҳурот дар Алмато. (видео)

- Расонаҳои байналхалқӣ дар бораи сохтани воксини зидди коронавирус. Бештар аз 35 озмоишгоҳ дар саросари дунё ба сохтани воксини зидди коронавирус машғул ҳастанд (видео аз Директ)

- Навбатпойӣ дар марз: мошинҳои боркаш наметавонанд, аз Қирғизистон вориди Қазоқистон шаванд (видео)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG