Ссылки доступа

Тошканди расмӣ ширкат дар гузашти низомии Москваро тасдиқ кард


Тоҷикистон, Қазоқистон, Молдавия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Сербистон ва Хорватия ширкаташон дар гузашти низомии Москваро тасдиқ карданд, ки қарор аст, рӯзи 24 июн баргузор шавад.

Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабар дод.

"Тасдиқи муқаддамоти ҳаст, ҳоло гуфтугӯҳо идома доранд, рӯйхат тартиб медиҳем", - гуфт Песков.

Интизор меравад, ки ҳайати Ӯзбекистонро Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар дар гузашти низомии Москва роҳбарӣ кунад.

Песков гуфт, ба чанде аз роҳбарони кишварҳои дунё даъватнома ирсол шудааст ва "рӯз аз рӯз" тасдиқи онҳоро дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG