Ссылки доступа

Мудири роҳи мошингарди Бишкек - Ӯши Қирғизистон бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд


Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон мудири кулли Дирексияи давлатии роҳи мошингарди Бишкек - Ӯш ва сардорони нақбҳои "Сосновка"-ву "Қаракӯл"-ро боздошт кард.

Аз маркази матбуотии хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ гуфтанд, "низоми густардаи фасодолудро дар зерсохторҳои Дирексияи давлатии роҳи мошингарди Бишкек - Ӯш" ошкор кардаанд.

"То имрӯз 12 тан аз маъсулони ниҳоди тобеи вазорати нақлиёт ва роҳҳои кишвар бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст. Зиёни эҳтимолӣ бештар аз 20 миллион сомро ташкил медиҳад", - иттилоъ доданд аз пулиси молии Қирғизистон.

Дар ҷараёни тафтиш даст доштани масъулони баландпояи вазорати нақлиёт ва роҳҳо, инчунин афроди дигари ниҳодҳои тобеи вазорати мазкур ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG