Ссылки доступа

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 632 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуд


Ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, дар як рӯзи охир дар ин кишвар 632 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Хадамоти матбуотии вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, шоми 10 июн шаш тан аз гирифторони вирусиро корона дар он кишвар фавтидааст.

Дар маҷмуъ шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қазоқистон, ҳам касоне, ки нишонаҳои ошкор ва ҳам касоне, ки нишонаҳои пӯшида доранд, ба наздики 16 ҳазор расидааст. Шумори умумии фавтидагон аз ин вирус дар Қазоқистон ба 67 расидааст, иттилоъ медиҳад вазорати тандурустии он кишвар.

XS
SM
MD
LG