Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон милиса наврасони кӯчагарди бидуни ниқобро боздошт мекунад (видео)


Дар Душанбе кормандони милиса рӯзи 10 июн амалиёти "Наврас"-ро баргузор карданд. Кормандони мақомот наврасонеро суроғ карданд, ки дар кӯчаҳо бидуни ниқоб гашту гузор доштанд.

Наврасонро ба идораи пулис набурданд, аммо ба онҳо фаҳмонданд, ки дар замони вабо бидуни ниқоб ба кӯча баромаданд манъ аст ва беҳтар аст, ки наврасон дар хона нишинанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон расман карантин ҷорӣ нашудааст ва кормандони милиса қонунан ҳаққи аз кӯчагардӣ маҳрум кардани сокинонро надоранд.

Ба иттилои ВКД, пайгирии наврасони бидуни ниқоб ҳамакнун ҳамарӯза идома мекунад. Гуфтаи мешавад, дар як рӯзи амалиёт кормандони милиса 90 навраси бидуни ниқобро дар кӯчаҳо мушоҳида кардаанд. 8 тан аз ин наврасон ба тавқифгоҳ бурда шуда, боқимондаҳо баъди суҳбат раҳо шудаанд.

Милиса асосан наврасонеро боздошт кардааст, ки бе зарурат ва бе ҳамроҳии калонсолон ба кӯча баромадаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, даъвати бидуни зарурат ба кӯча набаромадан танҳо хосияти тавсиявӣ дорад, зеро дар кишвар то кунун расман карантин ҷорӣ нашудааст. Аз ҳамин хотир, ба гуфтаи ҳуқуқшинос, талаби милиса, ки кӯдакон дар хона нишинанд, қуваи қонунӣ надорад.

Ҳакимов ҳамзамон мегӯяд, барои вай норушан аст, ки чаро милиса танҳо кӯдаконро пайгирӣ мекунад, дар ҳоле ки шумори калонсолони бидуни ниқоб дар кӯча ба маротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG