Ссылки доступа

Қазоқтаборе аз Арабистони Саудӣ наметавонад, мансубияти миллиашро исбот кунад (видео)


Даҳҳо тан аз қазоқтабороне, ки аз Афғонистон ва Арабистони Саудӣ ба Қазоқистон баргаштаанд, наметавонанд ҳаққи истиқомат ва мақоми оралман касб кунанд.

Мақомот аз онҳо санади доғи судӣ надоштан ва ҳуҷҷати мансубияти миллӣ талаб мекунанд. Қазоқтаборон намедонанд, ин ҳуҷҷатҳоро аз куҷо дастрас кунанд.

Маҳмуд Абдилкарим Жарилкапи 51-сола моҳи феврали соли 2018 аз Арабистони Саудӣ ба Қазоқистон омад. Вай ва 7 узви хонаводааш санадҳои Қазоқистонро надоранд.

Маҳмуд мегӯяд, бобои вай Жарилкап дар вилояти Қизилорда таваллуд ва бузург шудааст. Солҳои 1930 ба Афғонистон ва аз онҷо ба Арабистон рафтааст.

Вай мегӯяд, аъзои хонаводааш ҳамчун шаҳрвандони Афғонистон бештар аз 40 сол дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ карданд. Падару модар ва бобову бибии вай соли 1998 ба Қазоқистон баргашта ва шаҳрвандии ин кишварро дарёфт карданд. Айни ҳол онҳо вафот кардаанд.

Маҳмуд мегӯяд, дар ҳуҷҷатҳое, ки Афғонистон ба вай додааст, миллаташ зикр нашудааст.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, қазоқтаборони аз хориҷ баргашта нахуст бояд мақоми оралманро касб кунанд ва ҳуҷҷатҳои дигарашон танҳо баъди ин таҳия мешавад.

Ба иттилои расмӣ, давоми 28 соли охир бештар аз 1 миллион қазоқтабор аз саросари дунё ба Қазоқистон баргаштааст.

XS
SM
MD
LG