Ссылки доступа

Донишмандони Чин мегӯянд, ваксинаи "коромаде" ба зидди СОVID-19 сохтаанд


Пажӯҳишгарони Чин мегӯянд, як ваксинаи умедбахши бемории COVID-19-ро офаридаанд, ки озмоиши он дар маймунҳо натиҷаи мусбат додааст. Ба гуфтаи онҳо, ваксина дар бадани маймунҳо подтанҳои маҳвкунандаи вирусро ба ҳаракат меорад ва айни замон ҳеч асари манфии дигар надорад.

Дар бораи ихтирои ваксина рӯзи 6-уми июн бо нашри таҳқиқе дар маҷаллаи тиббии Cell хабар доданд. Ваксинаро BBIBP-CorV ном гузоштаанд ва гуфтаанд, ки озмоиши он дар 1000 каси довталаб идома дорад. Ба гуфтаи офарандагонаш, ваксина подтанҳои қавиеро барангехтааст, ки намегузоранд, вирус ба ҳуҷайраҳои маймун, калламуш, хуки гинӣ ва харгӯшҳо сироят кунад.

Подтан протеине дар таркиби хун аст, ки дар сурати вуруди ангезандаҳои бегона ба бадани инсон ба мисли вирус ё бактерия, ба зидди онҳо “ба ҷанг бархоста” ва нобуд мекунад. Дар сурати ноошно будани вирус ва ё микроб, мисли коронавируси нав барои бадани инсон вақт лозим аст, то роҳи мубориза ва маҳви онро пайдо кунад.

Дар таҳқиқот омадааст: “Ин натиҷаҳо нишон медиҳад, ки бояд асари BBIBP-CorV дар озмоишҳои дармонгоҳӣ санҷида шавад.”

Ваксинаи мазкурро Пажӯҳишгоҳи Маҳсулоти Биологӣ, яке аз шарикони Ширкати Миллии Дорусозии Чин (Sinopharm) сохтааст ва яке аз панҷ ваксина ба зидди беморист, ки Чин ҳоло дар инсонҳо озмоиш мекунад.

Дар умум дар саросари ҷаҳон кор сари 100 ваксина аз бемории COVID-19 идома дорад. Пешсафони ин кор ширкатҳои АстраЗенека, Пфизер, Бионтек, Ҷонсон ва Ҷонсон, Мерк, Модерна, Санофи ва ширкати чинии Сансино Биолоҷӣ ҳастанд ва офаридаҳои худро дар инсонҳо озмоиш мекунанд.

Ба гуфтаи донишмандони чинӣ, ваксинаи офаридаи онҳо, агарчӣ масунияти бадани инсонро ба зидди вирус бармеангезад, таъсири оризӣ надорад. Яъне айни замон подтанҳоеро ба ҳаракат намеорад, ки баръакс сирояти вирусро зиёдтар мекунанд, ҳарчанд шубҳа дар ин замина вуҷуд доштааст.

Ба ғайр аз BBIBP-CorV ширкати Sinopharm, ки барои ҳосил кардани ваксинаҳо бештар аз 141 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, як ваксинаи дигареро дар инсонҳо озмоиш мекунад, ки шӯъбаи ширкат дар вилояти Вуҳан офаридааст. Ин ваксинаро ба бадани 2000 нафар ворид кардаанд ва мунтазиранд, ки асароти он бубинад.

Коронавируси нав, ки дар ин вилоят пайдо шуд, ба иттиллои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико аз моҳи декабри соли гузашта то кунун бештар аз 7 миллиону 250 ҳазор нафар сироят карда ва 412 ҳазор касро куштааст. Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомот то рӯзи 10-уми июн бештар аз 4700 нафар бемор шуда ва 48 кас фавтидаанд. Аксарият мегӯянд, ки омори мазкур баёнгари воқеият нест ва теъдоди гирифторону талафот дар кишвар бештар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.

XS
SM
MD
LG