Ссылки доступа

Сар аз 1 июл марзҳои Иттиҳоди Аврупо боз мешаванд, аммо на барои сайёҳон


Комисияи Аврупо ба кишварҳои минтақаи Шенгени Иттиҳоди Аврупо тавсия дод, ки сар аз 1 июл марҳила ба марҳила марзҳоро боз кунанд. Марзҳои ин кишварҳо дар робита ба паҳншавии вируси корона дар миёнаҳои моҳи март баста шуданд.

Комисияи Аврупо умедворам аст, ки то 1 июл маҳдудиятҳои сафар байни кишварҳои минтақаи Шенген бардошта хоҳанд шуд.

То 30 июн марзҳои Иттиҳоди Аврупо барои шаҳрвандони кишварҳои севум баста боқӣ хоҳанд монд. Комисияи Аврупо тавсия медиҳад, ки аз 1 июл марзҳо барои гуруҳе аз хориҷиҳо, аз ҷумла барои донишҷӯён ва кормандони баландихтисос боз шаванд, аммо на барои сайёҳон.

Дар тавсияҳои Комисия омадааст, ки бозшавии комили марзҳо бояд дар ҳамоҳангӣ бо назардошти чанд талабот сурат гирад. Нахуст вазъи эпидемиологии кишварҳое, ки Иттиҳод марзашро ба рӯи шаҳрвандони он боз мекунад, набояд аз кишваҳои минтақаи Шенген бадтар бошад.

Дар бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси корона ва фавт аз ин вирус дар ҳафтаҳои охир коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG