Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, дар замони эътирозҳо "марказҳои матбуотии фаврӣ" таъсис диҳанд


Мақомоти Қазоқистон эълом карданд, ки тасмим доранд, барои инъикоси ҷараёни эътирозҳо ва гирдиҳамоиҳо "марказҳои матбуотии фаврӣ" таъсис диҳанд.

Ҳадаф аз таъсиси ин гуна марказҳо "таъмини фаъолияти касбии рӯзноманигорон" унвон шудааст. Дар ин бора Аида Балаева, вазири иттилоъ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон хабар дод.

Вай гуфт, "марказҳои матбуотии фаврӣ" ҳангоми баргузории гирдиҳамоиҳо аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ таъсис хоҳанд шуд. Ба ҷуз ин, ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифадор мешаванд, ки то замони шуруъи гирдиҳамоиҳо намояндагони худро ба макони ҷамъшавии одамон ирсол кунанд ва намояндагони ҳукумат бояд ба фаъолияти расонаҳо "мусоидат" кунанд.

Дар чанд соли охир дар Қазоқистон ҳангоми баргузории тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳо ба ҷуз аз ширкатдорон, иддае аз рӯзноманигорон ҳам аз сӯи пулис боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG