Ссылки доступа

Дар ИМА парвандаи наве дар робита ба марги сиёҳпӯсти дигаре кушода шуд


Дар аёлати Вашингтони ИМА таҳқиқи наве дар робита ба марги сиёҳпӯсти дигар шуруъ шуд, ки моҳи марти соли ҷорӣ ҳангоми боздошт аз сӯи пулис фавтид. Шуруъи таҳқиқро губернатори аёлат дастур додааст.

Кормандони пулис нисбати Мануэл Эллисаи 33-сола аз ҳилаҳои хафакунанда истифода бурдаанд.

Ташхиси додгоҳӣ хулоса кардааст, ки боздоштшуда дар натиҷаи истифодаи зӯр аз норасидани нафас фавтидааст.

Мақомоти аёлати Вашингтон гуфтанд, таҳқиқи мустақилонаи марги африқотаборро таъмин мекунанд.

Иттилоъ дар бораи таҳқиқи нави африқотабори фавтида дар ҳолест, ки эътирозҳои оммавӣ бо шиори "Ҳаёти сиёҳпӯстон эътибор дорад" дар чанде аз шаҳрҳои ИМА баргузор мешавад. Эътирозҳо баъди он сар заданд, ки охири моҳи май Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст ҳангоми боздошт аз сӯи пулис фавтид. Ин ҳодиса дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесотаи ИМА рух дод.

XS
SM
MD
LG