Ссылки доступа

RSF аз Тоҷикистон хост, ҷарима барои нашри хабарҳои "носаҳеҳ"-ро бекор кунад


Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Париж, таъйини ҷарима барои ба истилоҳ нашри хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ дар бораи коронавирусро дар Тоҷикистон маҳкум кард.

Жанна Кавелие, раҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмон, рӯзи 11-уми июн гуфт, ин муҷозот "ба озодии иттилоъ осеб мерасонад". Кавелие афзуд, "шарҳи норӯшани он метавонад барои поймол шудани ҳуқуқи журналистон барқасдона истифода шавад".

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн ба Кодекси ҷинояӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид кард. Дар баробари таъйини ҷазо барои сироят кардани дигарон ва надоштани ниқоби тиббӣ, барои пахши ахбори ғалат дар бораи бемории ҳамагир дар расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ аз 580 то 11600 сомонӣ ҷарима муқаррар шуд.

Тасмими Маҷлиси Намояндагон мояи интиқоди бархе аз журналистон шуд. Жанна Кавелие мегӯяд, бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ "сохтори давлатӣ ҳеч гоҳ ҳақ надорад, ҳукм кунад, ки чӣ рост аст ва чӣ дурӯғ."

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ин бандро аз қонун берун кунад, чун, ба гуфтааш, метавонад боиси суистифода ва сензура шавад.

Намояндагони мақомот мегӯянд, ҳадаф аз таъйини ҷарима маҳдудияти озодии баён ва ё зарба задан ба матбуоти мустақил нест. Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, дар маҷмуъ гуфт, "мақсад ҷазо додани шаҳрвандон нест. Ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст ва ҳукумати Тоҷикистон чунин меъёрҳоро пешниҳод карда истодааст, ҳадаф пешгирӣ аст."

Дар ҷаласаи порлумон шарҳ дода нашуд, ки далели ҷорӣ кардани ҷарима барои иттилоърасонӣ дар бораи коронавируси нав чист, вале як нафари огоҳ аз масъала гуфт, "мехоҳанд, нашри хабарҳоро дар бораи гирифторон ва қурбониёни бемории ҳамагир контрол кунанд."

Аз замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, дар баробари омори расмӣ феҳрасти алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш вуҷуд дорад. Агар бино ба омори расмӣ аз бемории ҳамагир 49 кас фавтидаанд, дар рӯйхати ғайрирасмӣ номи беш аз чаҳорсад касро навиштаанд.

Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баъд аз имзои раиси ҷумҳур ва нашраш дар матбуоти давлатӣ мавриди иҷро қарор мегирад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқи журналистон ва ҷомеаи Тоҷикистонро аз дастрасӣ ба иттилоъ қаблан мақомоти аврупоӣ ҳам интиқод карда буданд. Дар изҳороти рӯзи 5-уми майи намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аврупоӣ нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони тоҷик ба вижа дар марҳилаи пандемияи COVID-19 таъкид шуда буд. Дар изҳорот гуфта шуд, "дар замони номуайянӣ дастрасӣ ба иттилои боэътимод ва воқеӣ муҳим аст ва пандемияи ҷаҳонии COVID-19 бори дигар собит кард, ки иттилои саривақтӣ ва дақиқ метавонад ҷони инсонҳоро наҷот диҳад".

Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои фишор ба хабарнигорону матбуоти мустақил бисёр танқид мешавад. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), моҳи апрел дар шохиси нави озодии матбуот дар ҷаҳон Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, дар мақоми 161-ум ҷой дод.

XS
SM
MD
LG