Ссылки доступа

Туркманистон дар соли 2019 дар ҳаҷми $300 миллион ба Русия газ фурухтааст


Русия дар соли 2019 аз Туркманистон дар ҳаҷми 300 миллион доллар газ харидааст. Дар ин бора хабаргузории Рейтерс бо такя ба сафири Русия дар Тукрманистон Александр Блохин хабар медиҳад.

Ин бори аввал аст, ки иттилоъ дар бораи шартномаи хариду гази Туркманистон аз сӯи Русия ошкор мешавад.

Моҳи июли соли 2019 Туркманистон шартномаи 5-соларо бо Русия дар бораи фурӯши газ имзо кард. Бино ба ин шартнома, Русия солона аз Туркманистон 5,5 миллиард метри мукааб газ мехарад.

Аммо дипломати Русия нагуфт, ки 300 миллион доллар қиммати чанд метри мукааб газ аст.

Ба гуфтаи коршиносон, агар 300 миллион доллар қимати 5,5 миллиард метри мукааб газ бошад, пас Русия бо арзиши ночизе гази Туркманистонро харидорӣ мекунад.

Харидори аслии гази Туркманистон Чин аст. Вале ба далели хуруҷи бемории коронавирус Чин ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ эълом кард, ки ҳаҷми воридоти гази Туркманистонро кам мекунад.

XS
SM
MD
LG