Ссылки доступа

Ӯзбекистон парвозҳои байналхалқиро аз сар мегирад


Сар аз 15 июн дар Ӯзбекистон парвозҳои байналхалқӣ дубора ба роҳ монда мешаванд. Парвозҳо асосан бо кишварҳое барқарор мешаванд, ки вазъи муътадили беҳдоштиву эпидемиологӣ доранд.

Ин тасмимро Комисияи вижаи ҷумҳуриявии Ӯзбекистон қабул кардааст.

Вуруд ва хуруҷ ба афроди зер иҷозат мешавад:

  • кормандони намоянадгиҳои дипломатӣ ва консулгарии кишварҳои хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо;
  • мутахассисони ширкатҳои хориҷие, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд;
  • касоне, ки қасди табобат доранд;
  • афроде, ки нияти дидорбинии наздикони беморашонро доранд;
  • касоне, ки тавассути Ӯзбекистон қасди сафар ба кишвари севумро доранд;
  • афроди хориҷие, ки дар Ӯзбекистон қайди ҷои зист доранд.

Ба ҷуз ин, аз Ӯзбекистон ҳамчунин мешавад, барои таҳсил ва ё кор ба кишварҳои дигар парвоз кард.

Парвозҳое ки аз Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Чин ба Ӯзбекистон анҷом мешаванд, "сабз" унвон шуда ва касоне, ки аз ин кишварҳо вориди Ӯзбекистон мешаванд, аз карантин озод ҳастанд.

Парвозҳои Иттиҳоди Аврупо, Малайзия, Таиланд ва Сингапур "зард" унвон ва мусофирони ин кишварҳо 14 ба карантини хонагӣ гирифта хоҳанд шуд.

Парвозҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Эрон, Афғонистон, Русия ва кишварҳои боқимонда "сурх" баҳо дода шуда, мусофирони ин самтҳо ба карантини ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG