Ссылки доступа

Эътирози онлайнии қирғизистониҳо зидди хушунати хонаводагӣ


Дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" шаби 14 июн дар саҳифаи @tajadymm зидди хушунати хонаводагӣ эътирози онлайнӣ баргузор шуд.

Чолпон Абдраҳмонова, яке аз ташкилкунандагони эътироз гуфт, "ҳодисаҳои охири хушунати хонаводагӣ ба иззати нафси ҳама расид. Аз ҳамин хотир мо тасмими баргузории эътирози онлайниро гирифтем ва ин падидаро маҳкум мекунем".

Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки марде дастони ҳамсарашро баста, аз сари вай об мерезад. Мард ҳамзамон ду чархи мошинро дар гардани зан овезон кард. Баъдтар маълум шуд, ки навор дар ноҳияи Сузаки Қирғизистон сабт шудааст. Зани 47-сола баъди ин ҳодиса ба пулис шикоят кард. Шавҳари ӯро 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд.

Ин ҳодиса нигаронӣ ва эътирози сокинони Қирғизистонро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG