Ссылки доступа

Як сокини Андиҷон дар натиҷаи латту кӯби пулис кушта шуд


Се корманди мақомоти корҳои дохилии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон бо айби сӯистифода аз салоҳиятҳои хизматӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва истифодаи шиканҷа боздошт шудаанд.

Дар ин бора Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Пештар аз ин хабар расид, рӯзи 11 июн сокини 32-солаи Андиҷон А. Абдукаримов фавтид, ки 30 май дар ҳолати беҳушӣ ва осори шиканҷа дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Додситонии Ӯзбекистон хабар дод, ки нисбати сокини Андиҷон хушунат раво дида шуда, ӯро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG