Ссылки доступа

Ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Чин эҳтимоли мавҷи нави вируси коронаро бештар кардааст


Мақомоти Чин хабар доданд, ки дар рӯзҳои гузашта шумори гирифторони вируси корона афзудааст. Мақомоти он кишвар ахиран фаъолияти бузургтарин бозори ғизоии пойтахти Чинро қатъ карданд.

Комисияи миллии ҳифзи тандурустии Чин дар рӯзҳои охир 57 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси коронаро сабт кардааст. Аз ин шумор 38 ҳолат дар Пекин сабт шудааст.

Ин нахустин ҳолати тасдиқи гирифторӣ дар пойтахти Чин дар давоми ҳафт ҳафтаи охир аст. Гирифториҳои нав метавонанд, сабаби бекор шудани бархе аз чораҳои карантинӣ бошанд.

Ҳолатҳои нав дар Пекин далолат мекунанд, ки решакан кардани вируси корона ба осонӣ ба даст намеояд.

XS
SM
MD
LG