Ссылки доступа

Додгоҳи таркиши бинои истиқоматие дар наздикии Тошканд шуруъ шуд, ки 3 қурбонӣ дар пай дошт


Дар ноҳияи Куйичирчики вилояти Тошканди Ӯзбекистон баррасии додгоҳии парвандаи таркише шуруъ шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар яке аз биноҳои истиқоматӣ рух дода буд.

Дар натиҷаи он таркиш 3 кас кушта ва се тани дигар маҷруҳ шуданд.

Чаҳор корманди ширкати “Узтрансгаз” ва ду корманди мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Куйичирчик дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Ин афрод бо моддаи “Хунукназарӣ дар фаъолияти корӣ” айбдор мешаванд.

Дар парванда омадааст, 11 ноябри соли 2019 аз лӯлаҳои полиэтилении нуқтаи фурӯши маводи сӯхти наздикии бинои истиқоматӣ газ хориҷ шудааст. Гази хориҷшуда вориди манзилҳои истиқоматӣ гардида ва сокинон ноогоҳона оташ рушан кардаанд, ки дар натиҷа дар бинои истиқоматӣ таркиш рух додааст.

Дар пайи ин таркиш 3 аъзои хонаводаи Пирназаровҳо, сокинони ноҳияи Куйичирчик фавтиданд ва се тани дигар аз ин хонавода маҷруҳ ва дар натиҷа маъюб шуданд.

Абдураҳмон Ташанов, ҳомии ҳуқуқи ӯзбекистонӣ, ки ин парвандаро дунболагирӣ мекунад, гуфт, дар ҷаласаи рӯзи 12 июн дар додгоҳ ширкат кардааст.

“Ду тан аз айбдоршавандаҳо нозири минтақавӣ ҳастанд. Онҳо се рӯз пеш аз таркиш хабар ёфта буданд, ки аз лӯлаҳо газ хориҷ мешавад, аммо чораҷӯӣ накарданд. Чаҳор тан аз кормандони ширкати “Узтрансгаз” муҳандисоне ҳастанд, ки лӯлаҳои мазкурро кашидаанд”, - гуфт Ташанов.

Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ, қарор аст, имрӯз 15 июн баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG