Ссылки доступа

Ба Тоҷикистон 11 миллион доллар доданд, то соҳибкорӣ ривоҷ ёбад


Барои онҳое, ки мехоҳанд, дар Тоҷикистон соҳибкор шаванд, як барномаи нав шурӯъ шуд. Барнома барои ҷавонони то 30-сола, занон ва маъюбоне, ки тарҳи соҳибкорие доранд, баробар ба маблағи қарзи бонк кумаки молӣ медиҳад.

Масалан агар шахсе барои ташкили коргоҳи хурде 50 ҳазор сомонӣ қарз гирад, аз ҳисоби барнома ба ӯ 50 000 сомонӣ кумаки бебозгашт дода мешавад.

Барнома бо 11 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, Маркази татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот” дар вазорати молия онро амалӣ мекунад. Баҳром Музафаров, як масъули ин марказ рӯзи 12-уми июн гуфт, барнома айни замон “дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғду Хатлон амалӣ мешавад”. Барои иҷрои барнома дар 13 ноҳияи тобеи марказ созмони ғайриҳукуматии “Пешсаф” коршарик интихоб шудааст.

Делер – Ахмед Охунов, ҳамоҳангсози “Пешсаф” гуфт, тибқи барнома ба ҳар нафаре, ки нияти соҳибкорӣ дорад, то 200 ҳазор сомонӣ, (20 ҳазор доллар) медиҳанд.

Аз ин маблағ 100 ҳазор сомонӣ қарзи бонк ва 100 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ барои пешбурди соҳибкорӣ дода мешавад. Як шарти дигари барнома ин аст, ки соҳибкори довталаби қарзу кӯмак бояд 10 дарсади хароҷоти лоиҳаашро худаш бипардозад. Охунов мегӯяд, маблағи лоиҳа барои як шахс то 200 ҳазор сомонӣ аст, вале хоҳишмандон метавонанд, пули камтар ҳам бигиранд. Ӯ афзуд: “Ба фикри ман, ин як кумаки хеле калон аст. Муҳлати бозгардони қарз на камтар аз 2 сол ва на бештар аз 4 сол мебошад. Фоизи қарз аз 24 то 26 фоизи солона аст ва бо сомонӣ дода мешавад.”

Охунов мегӯяд, дар доираи барнома хоҳишмандон метавонанд, ҳама гуна тарҳҳои соҳибкорӣ пешниҳод кунанд, ба истиснои чорпарварӣ, мурғпарварӣ, парвариши тамоку, фурӯши яроқ, дорусозӣ ва ҳама гуна фаъолияте, ки мувофиқи қонун манъ аст. Вай афзуд: “Хоҳишмандон ба мо бояд муроҷиат кунанд, мо барои таҳияи тарҳи соҳибкорӣ кумак мекунем. Азбаски ҳоло хавфи сирояти вирус зиёд аст, омодаем, муроҷиатҳоро телефонӣ ва аз тариқи Вайберу Телеграм ҳам қабул кунем.”

Охунов гуфт, сокинон гоҳо ба воқеӣ будани барнома бовар намекунанд ва вақте шарту имтиёзҳоро ба мардум мефаҳмонанд, бисёриҳо мегӯянд, “фиреб аст”.

Ба гуфтаи масъулон, маблағе, ки барои лоиҳа ҷудо шудааст, барои дастгирии ҳудуди 1 ҳазор соҳибкор дар ҷумҳурӣ мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ то 200 нафар метавонанд аз ин лоиҳа баҳра баранд.

Қарзу кӯмакҳои бебозгашт тавассути се ташкилоти қарзиву амонатии “ҲУМО”, “Арванд” ва “Имон интернешнл” ба соҳибкорони навкор дода мешавад. Чун ин муассисаҳои молӣ дар 5 ноҳияи минтақаи Рашт ва ноҳияи Варзоб намояндагӣ надоранд, сокинони ин ҷойҳо аз имтиёзҳои барнома бенасиб мондаанд.

XS
SM
MD
LG