Ссылки доступа

Гуфтугӯи вазирони хориҷии Туркияву Русия атрофи Сурияву Либия ба таъхир афтод


Туркия Русия гуфтугӯҳои вазирони хориҷии ду кишварро атрофи Сурияву Либия ба таъхир андохтанд.

Ин гуфтугӯҳо қарор буд, рӯзи якшанбеи гузашта баргузор шаванд.

Русияву Туркия дар Сурия ва Либия аз ҷонибҳои мухталифи даргир ҳимоят мекунанд.

Сергей Лавров ва Мавлуд Човушоғлу рӯзи 14 июн суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Баъди ин суҳбат вазири умури хориҷии Туркия эълом кард, ки мулоқоти ду вазир дар вақти дигар баргузор мешавад.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки Лавров ҳамроҳ бо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу рӯзи якшанбе озими Туркия хоҳанд шуд.

Созмони Миллаи Муттаҳид ахиран хабар дод, ҷонибҳои даргир дар Либия гуфтугӯҳои нави сулҳро оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG