Ссылки доступа

Дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримоваро дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ мекунанд


Мақомоти Ӯзбекистон, ки 10 миллион доллари Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини ин кишварро миёнаҳои моҳи май аз Фаронса баргардониданд, ба буҷаи давлат интиқол дода, дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ хоҳанд кард.

Дар ин бора Севара Уринбоева, як мақомдори вазорати адлияи Ӯзбекистон рӯзи 15 июн хабар дод.

Вай гуфт, аз ҷараёни харҷи дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова сокинонро мунтазам огоҳ хоҳанд кард.

Уринбоева афзуд, мақомоти Ӯзбекистон феълан барои баргардонии дороиҳои Каримова дар ҳаҷми 1,3 миллиард доллари дигар аз кишварҳои хориҷ талош доранд.

XS
SM
MD
LG