Ссылки доступа

СҶТ аз эҳтмоли мавҷи нави коронавирус ҳушдор медиҳад


Тедрос Аданом Гебрейесус, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфт, "кишварҳо бояд аз эҳтимоли мавҷи нав"-и густариши вируси корона эҳтиёт кунанд.

Изҳороти роҳбари СҶТ дар ҳолест, ки кишварҳои Аврупо марзҳоро боз мекунанд ва дар пойтахти Чин мавҷи нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.

Шумори умумии гирифторони COVID-19 дар саросари дунё ба 8 миллион ва шумори қурбониён ба 436 ҳазор расид. Гебрейесус гуфт, ҳамарӯза то 100 ҳазор кас мубталои ин вирус мешаванд. COVID-19 дар Осиёву Амрико густариши бештар пайдо кардааст.

Дар Чин рӯзи 16 июн ба ташхиси густардаи сокинон шуруъ ва бархе аз минтақаҳои пойтахти он кишварро бастанд. Дар 50 рӯзи охир ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси корона дар Пекин мунтазам сабт намешуд. Аммо акнун эҳтимоли сар задани мавҷи дувуми гирифторӣ дар Чин бештар шудааст. Дар соли гузашта дар он кишвар тавассути тадбирҳои қатъӣ аз густариши вируси корона пешгирӣ шуд.

Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ сар аз 15 июн марзҳояшонро баъди се моҳи баста будан дубора ба рӯи ҳамсояҳо боз карданд.

XS
SM
MD
LG