Ссылки доступа

Ноиб-сарвазири Қирғизистонро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ карданд


Эътилофи аксарияти порлумони Қирғизистон номзадии ноиб-сарвазири ин кишвар Қубодбек Бороновро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кард. Дар ин бора расонаҳои он кишвар гузориш медиҳанд.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири ҳамакнун пешини Қирғизистон рӯзи 15 июн истеъфо дод. Дар муроҷиаташ вай гуфт, ба далели вазъи номуайяни пешомада дар робита ба шуруъи тафтиши фурӯши радиобасомадҳо истъфо медиҳад ва намехоҳад, ин тафтишот монеа фаъолияти комили ҳукумат шавад.

Абилғозиев ҳамзамон афзуд, дар фурӯши басомадҳои радиоӣ нақше надорад ва айбҳое, ки нисбаташ садо медиҳанд, беасосанд. Абилғозиев мегӯяд, мақомоти тафтишотӣ то кунун ӯро бозпурсӣ накардаанд.

Абилғозиев моҳи апрели соли 2018 сарвазир таъйин шуда буд.

Баъд аз истеъфои Муҳаммадқулӣ Абилғозиев эътилофи аксарияти порлумон номзади навро пешбарӣ кард. Қарор аст, сарнавишти номзади нав ба мақоми сарвазирӣ имрӯз 16 июн рушан шавад.

XS
SM
MD
LG