Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон шифоётагони COVID-19-ро ба тавонбахшӣ фаро намегиранд


Вазорати тандурустии Ӯзбекистон сар аз 12 июн аз таҷрибаи ба тавонбахшӣ фаро гирифтани шифоёфтагони коронавирус даст кашид.

Дар ин бора Фурқат Санаев, сухангӯи вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ дод.

“Таҷриба нишон дод, ки ба тавонбахшӣ эҳтиёҷ нест. Касонеро, ки аз коронавирус шифо меёфтанд, ба тавонбахшии 14-рӯза фаро мегирифтем. Аммо дар ин муддат касе такроран мубтало нашуд. Бо назардошти ҳамин, тасмим шуд, ки аз ин таҷриба даст кашем”, - навишт Фурқат Санаев.

Вай илова кард, ки шифоёфтагон давоми як муддат зери назорати пизишкони хонаводагӣ боқӣ хоҳанд монд.

Бино ба омори рӯзи 16 июн, дар Ӯзбекистон 5293 ҳолати гирифторӣ ва 19 ҳолати фавт аз вируси корона сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG