Ссылки доступа

Русия барои мактабҳои Тоҷикистон $21,2 млн ҷудо мекунад


Сафорати Русия дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки Москва барои рушди низоми ғизо дар мактабҳои Тоҷикистон $11,2 млн хоҳад дод.

Пулҳо ба таъмиру бозсозии ошхонаҳо, баланд бардоштани дониши кормандони мактабҳои Тоҷикистон ва гузаронидани маъракаи иттилоотӣ миёни сокинони кишвар оид ба пешбурди ҳаёти солим сарф мешаванд.

Ҳамчунин барои хариди маҳсулоти ғизоии Русия дар доираи барномаи мазкур барои солҳои 2020-2021 $10 миллиони дигар ҷудо мешавад.

Ин тарҳ аз соли 1999 ба ин сӯ амал карда, аз соли 2010 то соли 2015 ҷамъан $35,5 млн ҷудо карда шудааст.

Ба гуфтаи сафири Русия дар Душанбе Игоря Лякина-Фролов, ин яке аз тарҳҳои бузурги онҳо дар Тоҷикистон аст, ки буҷаи ҳангуфт - ҳудуди $80 млн дорад.

Охирҳои соли 2019 маълум шуд, ки Русия дар Тоҷикистон дар се соли оянда 5 мактаби нав бунёд мекунад.

XS
SM
MD
LG