Ссылки доступа

Дар шарқи Ӯзбекистон марде зану фарзандашро қатл ва худро оташ зад


Дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон марде бо табар ба ҳамсар ва се духтараш ҳамла карда, худро оташ зад. Аз ҷароҳатҳои бардошта ҳамсар ва фарзанди хурдии хонавода фавтиданд, иттилоъ медиҳад додситонии кулли Ӯзбекистон.

Ин ҳодиса баъд аз нисфирӯзи 13 июн рух додааст. Марди 44-солаи намангонӣ баъди ҷанҷоли лафзӣ бо ҳамсараш бо табар ӯро задааст. Ҳамсар дар ҷои ҳодиса фавтидааст.

Мард баъд аз қатли ҳамсараш ба духтарони ноболиғаш ҳамла кардааст. Дар натиҷа духтари соли таваллудаш 2020 низ фавтидааст. Ду духтари дигари вай тавонистаанд, ки ба манзили ҳамсоя фирор кунанд.

Баъди ин ҳодиса мард худро оташ зада, дар ҷои ҳодиса фавтидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG