Ссылки доступа

Дар Қирғизистон гирифторони бидуни аломати COVID-19-ро дар хона зери назорат мегиранд


Дар Қирғизистон тадбирҳои сабук кардани кори пизишкон рӯи даст гирифта шуд. Дар ин бора дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ вазири тандурустии он кишвар Собирҷон Абдикаримов хабар дод.

Бар асоси тадбирҳои нав, гирифторони бидуни аломати COVID-19 дар хонаҳояшон боқӣ хоҳанд монд. Ин гуна беморон дар шароити хона зери назорати табибон гирифта хоҳанд шуд. "Ҳангоми сахттар шудани вазъи бемор ӯро дар бемористон бистарӣ хоҳанд кард. Аммо гуруҳи зудамали табибон манзили зисти фарди гирифторшударо тафтиш ва эҳтимоли гирифтории наздикони беморро ба коронавирус месанҷанд", - гуфтанд дар ҳукумати Қирғизистон.

Дар Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон афзуданд, ин шеваи кор фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва кормандони тибро сабук мегардонад.

Дар Қирғизистон дар як ҳафтаи охир шумори гирифторони вируси корона меафзояд. Дар рӯзҳои охир дар он кишвар 100 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. Дар маҷмуъ, шумори гирифторон дар Қирғизистон ба 2472 расида, 28 кас қурбони ин вирус шудааст.

XS
SM
MD
LG