Ссылки доступа

Раиси Додгоҳи ноҳияи Айниро бо иттиҳоми "фасод" дастгир кардаанд


Маъмурони Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ Шараф Турсунзодаро бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ дастгир кардаанд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси зиддифасод, рӯзи 17-уми июн дар ин бора хабар дод, вале ҷузъиёти ин боздоштро ошкор накард.

Шараф Турсунзода ду рӯз пеш бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон бинобар содир намудани кирдоре, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад" аз мақомаш барканор шуд. Назари Турсунзода ва ё наздикону вакили дифоаш ба қазия маълум нест.

Ӯ то моҳи феврали имсол ба ҳайси додраси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ кор мекард ва чаҳор моҳ пеш масъули додгоҳ таъйин шуд.

Ҳафтае пеш раиси Додгоҳи шаҳри Ҳисор Зайдулло Собирзода низ бо айни иттиҳом аз мансабаш барканор гардид.

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд.

Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG