Ссылки доступа

Алишер Усмонов ба 20,5 ҳазор сокини Ӯзбекистон $5 млн кумак кард


Бунёди "Саховат ва кумак" ба беш аз 300 ҳазор хонаводаи камбизоат дар Ӯзбекистон кумак расондааст. Дар ин бора сухангӯи Вазорати дастгирии маҳалла ва хонаводаҳои Ӯзбекистон Саодат Боймирзоева 16 июн дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳисоби бунёди хайрия то ҳол 194,6 млрд сӯм (беш аз $19 млн) ворид шудааст. Аз ҳисоби ин пулҳо ба 300 ҳазору 383 хонаводаи камбизоат ҷамъан 18 миллиарду 995 миллион сӯм (беш аз $11,7 млн) ҷудо карда шудааст. Танҳо ба 67 ҳазору 296 хонавода 71 млрд. 110 млн. сӯм (ҳудуди $7 млн) кумаки молӣ расонидаанд. Пулҳои боқӣ ба хариди дору, ниқобҳои тиббӣ ва маводи зиддиуфунӣ сарф шудаанд.

Боймирзоева иттилоъ дод, ки миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба бунёди мазкур 5 миллион доллар хайр кардааст.

"Ин пулро дар ҳаҷми 2 500 000-сӯмӣ (ҳудуди 250-долларӣ) ба кортҳои бонкии 19 009 хонаводаи ниёзманд гузаронидаанд. Рӯйхати камбизоатҳоро ҳукумати вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Тошканд ва шаҳри Тошканд тартиб доданд. Ҳамчунин ба корти бонкии 1515 сокини 63 маҳаллаи Тошканд 2 500 000-сумӣ гузаронида шудааст", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG