Ссылки доступа

Трамп қонуни эъломи таҳрим ба хотири таъқиби уйғурҳои Чинро имзо кард


Президенти ИМА Доналд Трамп лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки имкони эъломи таҳрим зидди мансабдорони Чин барои таъқиби уйғурҳо ва сокинони дигари мусулмони минтақаи худмухтори Шинҷонро фароҳам месозад.

Ин лоиҳа "Қонуни сиёсат дар бахши ҳуқуқи инсон нисбат ба уйғурҳо" ном дорад. Бино ба иттилои Кохи сафед, "қонун поймоли ошкорои ҳуқуқи ақалиятҳои мусулмон дар Шинҷонро маҳкум карда, ҳаққи эъломи таҳрим зидди мансабдорони алоҳидаро медиҳад".

Бар пояи қонуни мазкур, хадамоти махсус ва Департаменти давлатии Амрико Конгрессро пайваста аз вазъи уйғурҳо дар Чин огаҳ карда, президент бояд давоми 120 рӯз номи мансабдорони чиниеро пешниҳод кунад, ки дар таъқиби уйғурҳо даст доранд ва зиддашон бар асоси Қонуни ҷаҳонии Магнитский таҳрим эълом хоҳад шуд. Дар қонун номи раиси Ҳизби коммунистии Чин Сӣ Ҷинпин ва узви баландпояи дигари ҳизб Чен Квангуо бевосита оварда шудааст.

Лоиҳаи қонун ҳанӯз соли гузашта таҳия шуда буд, вале тасвиби он бо сард шудани муносибатҳои ИМА ва Чин дар пайи ҳамагир гаштани вируси корона рост омад.

XS
SM
MD
LG