Ссылки доступа

Фавти 9 сокини дигари Қазоқистон аз коронавирус


Дар Қазоқистон 17 июн 9 нафари дигар бар асари мубталошавӣ ба коронавирус ҷон бохтанд. Ин болотарин нишондоди маргу мир аз вирус дар як шабонарӯз аст.

Вазорати тандурустии Қазоқистон як рӯз пеш дар бораи фавти 7 кас аз вируси корона хабар дода буд.

Аз ин шумор, шаш кас (аз 38 то 82-сола) дар шаҳри Нурсултон, ду кас (51 ва 60-сола) дар шаҳри Алмато ва як нафар (42-сола) дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон ҷон бохтаанд.

Мақомоти тандурустии Алмато ва Нурсултон мегӯянд, ҳамарӯза садҳо нафар дар ин шаҳрҳо бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ карда мешаванд ва бештари онҳо дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол меёбанд.

Бино ба омори расмӣ, шумори қурбониёни коронавирус дар Қазоқистон ба 97 расид. Ба ин омор даҳҳо фавтидаи дигаре, ки натиҷаи санҷиши вирусашон мусбат баромада буд, роҳ наёфтанд. Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯянд, ин афрод бар асари бемориҳои дигар ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи мақомоти қазоқ, шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар ба 21 717 расидааст.

XS
SM
MD
LG