Ссылки доступа

Нурсултон Назарбоев ба коронавирус мубтало шудааст


Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбонв ба коронавирус мубтало шудааст.

"Дар ҳоли ҳозир Нурсултон Назарбоев дар гушанишинӣ қарор дорад. Мутаассифона, натиҷаи санҷиши вируси ӯ мусбат баромад. Вале ҷои нигаронӣ надорад", - навиштааст сомонаи расмии президенти нахустини Қазоқистон.

Ба иттилои манбаъ, Назарбоев, ки ҳоло раҳбарии Шӯрои амнияти ин кишварро бар зимма дорад, корҳояшро фосилавӣ анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти қазоқ хабар доданд, ки дар шаҳри Нурсултон се нафари дигар - як марду ду зан аз коронавирус ҷон бохтанд. Ҳаминтариқ шумори умумии қурбониёни вируси корона дар ин кишвар ба 100 расид.

Бино ба омори расмӣ, бештари ҳолатҳо дар пойтахти Қазоқистон ба қайд гирифта шуда, ҷамъан 24 сокини Нурсултон фавтидаанд. Дар Алмато 15, дар вилояти Павлодар 13 ва дар Чимкент 12 ҳолат сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони мадании қазоқ мегӯянд, шумори маргу мир аз вируси корона аз шумори қабрҳо дар мазорҳои махсуси дафни қурбониёни коронавирус дар Алмато, Нурсултон ва Чимкент фарқ мекунад.

Танҳо дар қабристони махсуси дафни қурбониёни COVID-19 дар наздикии шаҳри Алмато дар 2,5 ҳафтаи охир шумори қабрҳо аз 38 ба 64 расидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои расмӣ, дар ин ду ҳафтаи охир дар вилояти Алмато касе аз коронавирус нафавтидааст.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус ё худ COVID-19 дар Қазоқистон то имрӯз ба беш аз 22 ҳазор расидааст.

XS
SM
MD
LG