Ссылки доступа

Даҳҳо ӯзбекистонӣ дар марзи Қирғизистон дармондаанд (видео)


Даҳҳо ӯзбекистонӣ ба иллати маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус дар марзи Қирғизистон бо кишвари худ дармондаанд. Онҳо, ки боз шудани марзи Ӯзбекистонро мунтазиранд, мегӯянд, пулҳояшон тамом шудааст.

17 июн дар гузаргоҳи марзии "Дӯстлик"-и Қирғизистону Ӯзбекистон беш аз 50 ӯзбекистоние ҷамъ шуданд, ки мехоҳанд ба хонаҳояшон баргарданд. Яке аз онҳо Садоқат Маматова, зодаи вилояти Ӯши Қирғизистон, ки бо сокини вилояти Намангони Ӯзбекистон издивоҷ кардааст, мегӯяд, пеш аз ҳамагир шудани коронавирус ба аёдати волидонаш рафта буд ва ҳоло наметавонад ба хонааш баргардад.

Як ҳамсуҳбати дигари мо дар гузаргоҳи "Дустлик" Зилола Кучкарова, зодаи вилояти Бухорои Ӯзбекистон, ки бо шаҳрванди Қирғизистон издивоҷ кардааст, мегӯяд, беш аз як ҳафта мешавад, ҳар рӯз ба назди гузаргоҳ меояд, вале ӯро ба Ӯзбекистон роҳ намедиҳанд.

Бештари ӯзбекистониҳое, ки дар назди гузаргоҳи "Дустлик" қарор доранд, мегӯянд, ба иллати тамом шудани пулҳояшон чанд рӯз мешавад зери осмони боз ва дар рӯи замин хобанд.

Сардори гузаргоҳи "Достук"-и Қирғизистон Субутай Исманалиев гуфт, онҳо омодаанд, одамони ҷамъшударо иҷозати убур диҳанд, вале ҷониби Ӯзбекистон феълан омодаи қабули шаҳрвандони худ нест.

XS
SM
MD
LG