Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз 20 июн дубора карантин эълом мекунанд


Ҳукумати Қазоқистон эълом кард, ки аз 20-21 июни соли равон дар ин кишвар дубора карантин эълом мешавад. Ин тасмим дар пайи афзоиши якбораи шумори мубталоён ба коронавирус гирифта шудааст.

Дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато, Қарағанда, Чимкент, Павлодар ва Экибастуз дари марказҳои савдову бозорҳои маҳсулоти ғайриғизоӣ баста ва ба фаъолияти қаҳвахонаву тарабхонаҳо танҳо дар зери осмони боз ва бо риояи фосилаи иҷтимоӣ байни муштариён иҷозат дода мешавад.

Ҳамчунин фаъолияти нақлиётҳои ҷамъиятӣ маҳдуд ва боғҳо баста хоҳанд шуд. Толорҳои варзишӣ ҳам дарҳои худро мебанданд. Ба кӯча баромадани шахсони аз 65-сола болоро дар тамоми ин шаҳрҳо манъ карданианд.

Даромад ба Нурсултон, Алмато, Қарағанда, Чимкент, Павлодар ва Экибастуз маҳдуд шуда, дар даромадгоҳҳо постҳо дубора ташкил мешаванд.

Дар Қазоқистон шумори мубталоёни коронавирус баъди бекор кардани маҳдудиятҳо якбора афзоиш ёфт. Ҷамъан дар ин кишвар беш аз 22 ҳазор одам ба вируси корона мубтало ва расман 100 ҳолати фавт қайд шудааст.

XS
SM
MD
LG