Ссылки доступа

Ҷеймӣ Флай истеъфои худро аз мақоми президентии Радиои Озодӣ эълом кард


Джейми Флай

Ҷеймӣ Флай, президенти "Радио Аврупои Озод/Радиои Озодӣ" эълом кард, ки аз мақомаш истеъфо дод. Флай дар номааш ба унвонии кормандони радио навишта, ки қарори барканории ӯро раҳбари нави Оҷонси Амрико оид ба матбуоти ҷаҳонӣ Майкл Пак гирифтааст.

"Ман бо андуҳи амиқ "Радио Аврупои Озод/Радиои Озодӣ" -ро тарк мекунам. Як соли раҳбарии ин радио барои ман як умр боиси ифтихор хоҳад буд", - омадааст дар номаи Флай.

Хабаргузории Associated Press иттилоъ дода, ки Пак ҳамчунин мудирони се расонаи дигари тобеи Оҷонси Амрико оид ба матбуоти ҷаҳонӣ - Радиои Осиёи Озод, Шабакаи радиошунавонии Шарқи Наздик ва Идораи пахши барномаҳо барои Кубаро ҳам барканор кардааст. Ӯ раҳбари Бунёди технологияҳои бозро низ, ки аз сӯи оҷонси зери раҳбарияш назорат мешавад, ба истеъфо фиристод.

Пак ду ҳафта пеш раҳбари Оҷонси Амрико оид ба матбуоти ҷаҳонӣ таъйин шуд. Ӯ дар давоми ин ду ҳафта ҳамаи аъзои Шӯрои мудирони Радио Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Радиои Осиёи Озод ва Шабакаи радиошунавонии Шарқи Наздикро иваз ва худро раис таъйин кард.

XS
SM
MD
LG