Ссылки доступа

Қирғизистон бунёди роҳи оҳани муштарак бо Чину Ӯзбекистонро оғоз мекунад


Корхонаи давлатии "Қирғиз темир жолу" рӯзҳои наздик иҷрои тарҳи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро оғоз хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи корхона бо истинод ба раҳбари "Қирғиз темир жолу" Василий Дашков иттилоъ додааст.

"Ҳамаи созишҳо бо ҷонибҳо ҳосил шуданд. Монеаи ҷиддиеро намебинем. Танҳо як чанд гуфтугӯро бояд анҷом доду корро оғоз кард. Дар мавриди сармоягузории лоиҳа бояд гуфт, ки ҳам ҷониби Русия ва ҳам ҷониби Ӯзбекистон омодаанд, ба мо кумак кунанд. Ҷамъан лоиҳа 4,5 миллиард доллар харҷ дорад", - изҳор доштааст Дашков.

Ташаббуси бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ садо медиҳад. Вале то ҳол иҷрои он шуруъ нашуда буд. Бино ба арзёбиҳо харҷи он 6-6,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар пайи мушкилиҳои марзии кишвараш бо Қазоқистон гуфта буд, ки Бишкек бояд роҳҳои дигари бурунрафт ва дастёфт ба бозори беруниро пайдо кунад. Аз ҷумла, ӯ иҷрои ин тарҳро бисёр муҳим хонда буд.

Намояндагони се кишвар соли 2017 дар Тошканд созиш карда буданд, ки ҷанбаҳои техникиву иқтисодии тарҳро моҳи августи соли 2018 ва масоили молии онро то охири ҳамон сол баррасӣ ва ҳал кунанд. Он замон гуфта мешуд, ки се гузина баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG