Ссылки доступа

ИА таҳримҳоро зидди Русия барои ишғоли Қрим тамдид кард


Иттиҳоди Аврупо (ИА) муҳлати таҳримҳоро зидди Русия барои ишғоли нимҷазираи Қрим ва Севастопол як соли дигар дароз кард. Дар ин бора дар изҳороти Шӯрои ИА гуфта шудааст.

Таҳримҳо манъи сармоягузорӣ дар иқтисоди нимҷазираро бо шумули хадамоти сайёҳӣ дар бармегирад. Ҳамчунин ширкатҳое, ки дар Қрим ҷойгиранд, наметавонанд маҳсулоти худро ба ИА содир кунанд.

Русия моҳи марти соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо маҳкум кардани амали Русия "пайвастан"-и Қрим ба ҳайати он кишварро ғайриқонунӣ номиданд. Дар натиҷа кишварҳои Ғарб зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ эълом карданд. Вале Кремл ишғоли Қримро рад карда, мегӯяд, "адолати таърихӣ барқарор шудааст".

XS
SM
MD
LG